РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО: Саҳми Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ - ҳамоҳангсозии миллии АБНА дар ин ҷода
Имрӯз, 21 марти соли 2025, дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мегардад, ки он бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2022 эълон гардида ва ба аҳамияти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими оби ошомиданӣ, устувории экосистемаҳо, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб мекунад, нигаронида шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 60% захираҳои оби Осиёи Марказиро таъмин мекунад ва дар ин самт нақши калидиро мебозад.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамчун ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон, дар пешбурди ин масъала саҳми худро мегузорад. Ниҳоди мазкур дар ҳамкорӣ бо АБНА, лоиҳаҳои муҳимро амалӣ карда, ба ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим саҳми назаррасро гузошта истодааст.
Яке аз намунаҳои барҷастаи ин ҳамкорӣ лоиҳаи миллии TAD7004 мебошад, ки соли 2022 бо боздиди коршиносони АБНА ба Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ сурат гирифта буд, мебошад. Лоиҳаи мазкур ба ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии пиряхҳо ва барфҳо нигаронида шуда, ба пешгирии оқибатҳои манфии обшавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дар доираи лоиҳаи мазкур аз соли 2022 то инҷониб як қатор таҷҳизотҳои таҳлилӣ ва омода намудани мутахассисони касбӣ дар хориҷи кишвар сурат гирифтааст.
Ҳамчунин, Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар доираи барномаҳои АБНА ва омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, барои баргузор намудани як чорабинии канорӣ бо иштироки намояндагон аз 30 давлатҳои узви АБНА кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Илова бар ин, дар ин рӯзи муҳим, ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардида, онҳо ҳамчун пешоҳангон дар мубориза бо тағйироти иқлим ва ҳифзи пиряхҳо саҳми худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта истодаанд.